Агар он сарви гуландом ба рафтор ояд,
Агар он сарви гуландом ба рафтор ояд,
Ба ҳавояш дили ошуфта гирифтор ояд.
Зоҳиди шаҳр зи чашми хуши ӯ масту хароб,
Равад аз савмаа, дар гӯшаи хаммор ояд.
Гар ба сарҳалқа диҳӣ бодаи исопарвард,
Хирқа бифрӯшаду дар ҳалқаи зуннор ояд.
Пардаи ваҳм агар аз рӯи яқин бардорӣ,
Ба яқин мункири дидор ба иқрор ояд.
Чун забон ҳар кӣ ба коме бирасад аз лаби ту,
Бидиҳад доди фасоҳат, чу ба гуфтор ояд.
Ту агар ёр дар ағёр бибинӣ, эй дил,
Ҳар чӣ ағёр бувад, дар назарат ёр ояд.
Носиро, қиссаи ширини ту шӯре дорад,
З–он ки ин гавҳар аз он лаъли шакарбор ояд.