Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бо партави рухсори ту маҳ тоб надорад,

Бо партави рухсори ту маҳ тоб надорад, Бо лутфи буногӯши ту гул об надорад. Ширинии шаҳди ту зи шаккар натвон ёфт, Таъми лаби ширини ту унноб надорад. Он пир, ки дар савмааҳо гӯшанишин аст, Ҷуз гӯшаи абрӯйи ту меҳроб надорад. В-он ринд, ки дар майкадаҳо бодапараст аст, Ҷуз бодаи лаъли ту майи ноб надорад. Дар хоб машав як нафас, эй дӯст, ки шабҳост, То дидаи ман аз ғами ту хоб надорад. Бо ғамза бигӯ, то дили ошуфтаи моро Чун турраи мушкини ту дар тоб надорад. Дарди дили Носир ҳама аз мардуми чашм аст, Обаш бигзашт аз сару поёб надорад.