Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар аз даҳани танги ту мақсуд барояд,

Гар аз даҳани танги ту мақсуд барояд, Аз нақши адам сурати мавҷуд барояд. Гуфтем, ки гирем каноре зи миёнат, Ин буд муроде, ки зи нобуд барояд. Дар парда рухат сӯхт ҷаҳонею натарсӣ З–он рӯз, ки аз оташи ту дуд барояд. Зулфи ту шабе гуфт, ки ҷон бахшамат аз бӯй, Ҳиндуст, ки аз дасти вай ин ҷуд барояд. Ҳарчанд ки дер аст ба сарриштаи зулфат, Ҷон аз чаҳи дилгири танам зуд барояд. Ранг аз рухи гулгуни Аёз ораду бӯе, Ҳар гул ки зи обу гили Маҳмуд барояд. Аз оташи дил гашт муаттар дами Носир, Бе сӯз куҷо бӯйи хуши уд барояд?