Баҳри ғами ту карон надорад,
Баҳри ғами ту карон надорад,
Ишқат сари ину он надорад.
Он кас, ки аз он ҷаҳон хабар ёфт,
Дигар сари ин ҷаҳон надорад.
Мурғе, ки ҳавои ишқ ҷӯяд,
Ҷуз кӯйи ту ошён надорад.
Бе ёди ту он ки мезанад дам,
Беҷон шумураш, ки ҷон надорад.
Дар ишқи ту он ки мехӯрад хун,
Андешаи обу нон надорад.
То чанд бувад хамӯш Носир,
Мотамзада чун фиғон надорад?