Моҳ аст рухи ёр, ба мо хуш набарояд,
Моҳ аст рухи ёр, ба мо хуш набарояд,
Сарв аст қади дӯст, ба бар менадарояд.
Мо ҳамчу гулаш синаи садпора намудем,
Ӯ ғунчасифат рӯй ба мо менанамояд.
Чун дар қадами нозуки гул хор чудо нест,
Шарти адаб он аст, ки булбул насарояд.
Рафтӣ, ки биёям ба сарат, гар ту наёӣ,
Поям мани саргашта, вале умр напояд.
Гар боди сабо дар чаман орад зи ту бӯе,
Ҳарчанд бувад танг, дили ғунча кушояд.
Дар хок чу бо худ бибарам ҳасрати рӯят,
Ҳар гул, ки барояд зи гилам, бӯйи ту ояд.
Гар зулфи чу чавгони ту Носир ба каф орад,
Аз ҳар ду ҷаҳон гӯйи саодат бирабояд.