Хатат ҳирзи илоҳӣ менамояд,
Хатат ҳирзи илоҳӣ менамояд,
Мисоли моли шоҳӣ менамояд.
Чу лашкар мекашад ҳусни ту бар ҷон,
Нахуст аз хат сиёҳӣ менамояд.
Рухат ойинаи гетинамоест,
Дар ӯ маҳ то ба моҳӣ менамояд.
Ба хунрезӣ зиреҳ пӯшид зулфат,
Рухи хубат сиёҳӣ менамояд.
Накӯӣ кун, ба васл аз ашки ман пурс,
Ки ҳиҷронат табоҳӣ менамояд.
Гиристан шамъро дар вақти куштан
Зи айни бегуноҳӣ менамояд.
Кулоҳи лоларо з-он мебарад бод,
Ки бо ту каҷкулоҳӣ менамояд.
Гузаштан аз сари кӯят ба якбор
Ба кӯят нимроҳӣ менамояд.
Зи ҷурми ишқ бар Носир макаш теғ,
Ки рӯят узрхоҳӣ менамояд.