Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гул андар дидаам бе нақши рӯят хор меояд,

Гул андар дидаам бе нақши рӯят хор меояд, Зи ҳар барги гуле бар дил маро сад бор меояд. Хаёли абруят дар чашми ман пайваста мегардад, Камон аз дидаҳои ростбин тайёр меояд. Нахоҳам рафт аз кӯят ба дашноми рақиб, аммо Самоъи таънҳои душманон душвор меояд. Бадон дар рӯи некӯят ҳамебинанду медонам, Ки аз чашми бад осебе дар он рухсор меояд. Ба ғайри бода дар дастам ҳама бо бод мемонад, Ба ғайри ёр дар чашмам ҳама ағёр меояд. Ба маҳ дорам назар, к–он ҷо нишони дӯст меёбам, Ба гулбарг ошиқам, к–аз вай насими ёр меояд. Ба ҷуз чашми ту Носирро каси дигар намепурсад, Ҳамон беморро раҳме бар ин бемор меояд.