Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дил сӯхт дар фироқи ту, навбат ба ҷон расид,

Дил сӯхт дар фироқи ту, навбат ба ҷон расид, Мурдам зи ҳаҷр, кай ба висолат тавон расид? Бар андалеб он чи зи боди хазон расад, Рӯзи ҷудоӣ аз дами сардам ҳамон расид. Зад ғамзаи ту бар ман, аз он мекунам фиғон, Сабрам намонд, корд чу бар устухон расид. Зулфи ту оқибат зи ҷафо сар ба бод дод, Ё Раб, кадом тири дуо бар нишон расид. Розе, ки бо миёни ту Ҳақ дар миён ниҳод, Аз нозукӣ касе натавонад бад–он расид. Ҷонам куҷо зи зулфи ту ёди бадан кунад, Тӯтӣ қафас шикасту ба Ҳиндустон расид. Шаб наъра мезадам ба дарат чун саги ғариб, Ташрифи санг бар сарам аз посбон расид. Эй дил, ба дида мегузарад чашму абруяш, Эй мурғ, ҳуш дор, ки тиру камон расид. Носир, аҷаб, ки он маҳи моро хабар нашуд, Ҳар шаб, ки нолаҳои ту бар осмон расид.