Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зулфат маро ба ҳалқаи доми бало кашид,

Зулфат маро ба ҳалқаи доми бало кашид, Бахти сиёҳ бин, ки ба охир куҷо кашид! Будам мисоли қатраи шабнам қарини хок, Меҳри ту рух намуду маро бар ҳаво кашид. Гул вақти субҳ хирқаи фирӯза чок зад, То он нигори чобуки раъно қабо кашид. Бигрист зор вақти саҳар шамъу ҷон бидод, Бечора дӯш шаб ҳама шаб то чиҳо кашид? Носир агар зи дӯст ҷафо мекашад, чӣ бок, Аз ошиқон ғариб набошад ҷафо кашид.