Гар шавад бо ман зи лутф он маҳрухи айёр ёр,
Гар шавад бо ман зи лутф он маҳрухи айёр ёр,
Нахли уммеди ман орад дар ҷаҳон ин бор бор.
Марди ишқаш то ниҳода пой дар Мисри вуҷуд,
Гашта сад ҷони азиз аз дасти он хунхор хор.
То ба бустони ҷамолаш лолаву насрин шукуфт,
Дорад аз гулзори рӯяш доимо гул хор-хор.
Бодаро хуни ҷигар аз лаъли нӯшинаш мудом
Лолазор афканда дар дил аз рухи гулнор нор.
Бар умеди лолаи рухсори ӯ савдозада
Менавозад ҳамчу булбул нола дар гулзор зор.
Дода, то созад мухолиф пардаи ушшоқи хеш,
Чанги зулфашро ба олам холиқи саттор тор.
Кард Носир ифтихор аз васфи ҳуснаш доимо,
Гарчи дорад доимо аз гуфтани ашъор ор.