Маро як дам висоли ӯ зи умри ҷовидон хуштар,
Маро як дам висоли ӯ зи умри ҷовидон хуштар,
Ғубори кӯйи ту дар чашмам аз мулки ҷаҳон хуштар.
Туӣ дар авҷи ҳусну ман шуда бо хоки раҳ яксон,
Замин афтода некӯтар, қамар бар осмон хуштар.
Нишин, эй нозанин, дар чашми ман чун мардуми дида,
Ки ту сарви равонӣ, сарв бар оби равон хуштар.
Маро ҷонест бар лаб омада аз дарди ҳиҷронат,
Бидеҳ як бӯсаву бистон, ки ин лаззат зи ҷон хуштар.
Ба ҷони ту, ки дар ҳар ду ҷаҳон аз ҷони худ серам,
Агар хуштар бувад чизе, ту битвонӣ аз он хуштар.
Чу май бо ёр менӯшам қадаҳро пур кун, эй соқӣ,
Ки дар базми сабукрӯҳон бувад ратли гарон хуштар.
Бимон худрою бехуд бигзар, эй Носир, ба майхона,
Ки бо маъшуқ биншастан ба хилват дар ниҳон хуштар.