Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Соқӣ, сабук он ратли гаронро ба ман овар,

Соқӣ, сабук он ратли гаронро ба ман овар, Қути дилу ёқути равонро ба ман овар. Гар з-он чи ба мо менарасад бодаи софӣ, Дурде ки расад дурдкашонро, ба ман овар. Бедор кун аз дарди куҳан бахти ҷавонро, Як бори дигар бахти ҷавонро ба ман овар. Эй боди сабо, ҷону ҷаҳон бод фидоят, Лутфе куну он ҷони ҷаҳонро ба ман овар. Ороми дилу роҳати ҷон рафт, чу ӯ рафт, Ороми дилу роҳати ҷонро ба ман овар. Гар номаву савғот намеорию пайғом, Як билаки он сахткамонро ба ман овар. Гар марҳами васле диҳад, он бо дигарон деҳ В-ар доғи фироқе бувад, онро ба ман овар. Он дил, ки аз ӯ ному нишон нест, биҷӯяш, Ҳоли дили беномунишонро ба ман овар. Ошуфта чу зулфаш бирасон қиссаи Носир, В-аз лаъли лабаш рози ниҳонро ба ман овар.