Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ошиқонро, ки бувад бодаи аҳмар дар сар,

Ошиқонро, ки бувад бодаи аҳмар дар сар, Набувад як нафас андешаи Кавсар дар сар. Гаҳ бувад ҷом, ки бо ёр ниҳад лаб бар лаб, Гаҳ бувад шона, ки бо дӯст кунад сар дар сар. Рӯзи маҳшар, ки чу лола зи замин бархезам, Бошадам доғи бутон бар дилу соғар дар сар. Ҷон бидодему ҳамон ғуссаи ҷонон дар дил, Сар фишондему ҳамон оташи дилбар дар сар. Дар сарам сирри ғами тусту касеро ба ҷаҳон Дарнаяфтод аз ин фикри накӯтар дар сар. Чашми бозаш надиҳад даври фалак чун наргис, Ҳар киро ҳаст ба олам ҳаваси зар дар сар. Носири кӯйи муғон, зоҳиду савдои биҳишт, Ҷома бар дӯш накӯ бошаду афсар дар сар.