Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

З-он лабу дандони чун лаълу гуҳар

З-он лабу дандони чун лаълу гуҳар Ашки чун симам равад бар рӯйи зар. Гарчи савсан теғ бар сар мекашад, Ман чу гул аз сина месозам сипар. Сар бибозам бар сари теғи қазо, Гар қабул афтад қазоро ин қадар. Ҷон фишондам, то намонад бори дил, Сар ниҳодам, то набошад дарди сар. Чашма дар кӯяш равон кардам зи чашм, То кунад сарви равон бар мо гузар. Медиҳад чун ғунча дил Носир ба бод, Гар биёбад бӯяш аз боди саҳар.