Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Оташафрӯзӣ кунӣ бар сӯхта удам дигар,

Оташафрӯзӣ кунӣ бар сӯхта удам дигар, Дар ғамат чизе ба ҷуз оташ наяфзудам дигар. Дам задам, дуде баромад, зуд барбастам даҳон, То куҷо сар барзанад ин оташин дудам дигар. Ҳамчун об осуда будам, то ба сар боз омадам, Пеши сарви қоматат ҳаргиз наёсудам дигар. Гарчи будам заррасон, то худ гушодӣ абри зулф, Нури меҳрат даррабудам, ҳеч нанмудам дигар. Гар ба масҷид дар сафи зуҳҳод ойӣ дар намоз, Пеши меҳробам ту бошӣ, нест маъбудам дигар. Партав афшондам дилу ҷон ҳамчу сабрам нест бод, Гар ҷуз ин чизе бувад дар буду нобудам дигар. Судаам чун ҳалқа сар бар ҳар дару дида зиён, Нест аз савдои маҳрӯён ҷуз ин судам дигар. Бода деҳ, соқию узре гӯй бо воиз, ки ман То шунидам савти мутриб, ҳеч нашнудам дигар. Дӯш мегуфтӣ ту бо Носир, ки мақсуди ту чист? Гуфт: Мақсуд он ки ҷуз ту нест мақсудам дигар.