Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр,
Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр,
Ту ёр бош, агар набувад ёр, ғам махӯр.
Дил бад макун зи рафтаву в-аз н-омада мапурс,
Ҳал кардам ин дақиқаи душвор, ғам махӯр.
Дил пок дору ҷумла накӯ бину рост гӯ,
Ин панди ошиқона нигаҳ дор, ғам махӯр.
Шодӣ гузашту ғам гузарад, ломаҳол низ,
Мо озмудаем, ту зинҳор ғам махӯр!
Соқӣ, ба ғайри чеҳраи ман гар заре бимонд,
То медиҳанд бода, ба даст ор, ғам махӯр.
Аз бода гар шавад лабат олуда, бок нест,
Покаш кунам ба бӯса дигар бор, ғам махӯр.
Эй булбули ҳазин, ки фитодӣ ба хори ғам,
Сад гул шукуфта гардад аз ин хор, ғам махӯр.
Дарҳам машав, ки навбати шодӣ чаро гузашт,
Ин аст шакли гунбади даввор, ғам махӯр.
Шодӣ кам асту умр кам асту рафиқ кам,
Носир, бисоз бо каму бисёр ғам махӯр!