Чашмони ту кашида камону кушода тир,
Чашмони ту кашида камону кушода тир,
Ҷонро кунанд ғорату дилро баранд асир.
Тира-ст бе ту чашми ман, эй моҳ, рух кушой,
Дар по фитод кори ман, эй дӯст, даст гир.
Чашмам бас аст, беш мабин рӯ дар оина,
То ҳусни беназири туро н-оварад назир.
Мижгони ту зи ҷавшани парҳезу диръи сабр
Мебигзарад чу сӯзани пӯлод аз ҳарир.
Аз зоҳидон гурехта чун равғанам зи об,
Омехта ба ишқи бутон ҳамчун шаҳду шир.
Моро ба бӯи зулфи ту маҷлис муаттар аст,
Миҷмар бибар, ки дар сари мо бошад он абир.
Воиз, магӯ, ки, Носир, аз он сӯ назар макун,
К-ӯ дида барнадорад, агар дӯзияш ба тир.