Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр,

Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр, Ёр дар савмааҳо нест, алайкум биддайр. Солике нест, ки роҳе ба Худо нанмояд, Ману риндӣ, ки кунад то ба дари майкада сайр. Мард агар аҳл бувад, аз рухи соқию рубоб Ранги гул бингараду гӯш кунад нағмаи тайр. Ёр шав, то назарат ҳеҷ набинад ҷуз ёр, Нақши ёр аст, ки ағёр ҳамебинад ғайр. Чӣ аҷаб, Носир агар сокини майхона шавад, Ки башар майл намояд ба шару гоҳ ба хайр.