Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир,

Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир, Мулки дилҳоро ба ҳусни хулқ гир. Турки чашмат гар ба ғорат бурд дил, Кард зулфи ҳиндуят ҷонро асир. То камони абрувонат дидааст, Дар даҳон ҷуз зеҳ наёварда-ст тир. Ҷоми лаълат ҷуръае бар хок рехт, Оҳуи чашми бутон шуд шергир. Дар тани ман нест як раг ҳушёр, Ман магар май хӯрдаам бар ҷойи шир. Банда дар хидмат агар тақсир кард, Аз худовандӣ ту узраш дарпазир. Ман ҷавонам, пир гардам дар раҳат, Гар бувад бахти ҷавону ақли пир. Гарчи ту хуршедию мо зарраем, Аз бузургӣ хурда бар хурдон магир. Баркашад Носир нафир аз чанги ғам, Гар туро набвад нуфуре аз нафир.