Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз,
Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз,
В–аз турра чӣ шӯрест, ки ангехтаӣ боз?
То боз ба ҳам барзадаӣ наргиси хунрез,
Бас хун, ки ту бо хок баромехтаӣ боз.
Аз турра зиреҳ дар бару аз ғамза синонкаш,
То қалби кӣ бишкаставу хун рехтаӣ боз?
Бо зулфи камандафкану абрӯи камондор
Роҳи кӣ задӣ, бо кӣ даровехтаӣ боз?
Чун зулфи диловез дил аз мо бибуридӣ,
То дар сари савдои кӣ овехтаӣ боз?
Шаҳбозию бигрехтаӣ, боз наоӣ,
Бозат ба каф орем, ки бигрехтаӣ боз.
Шуд хоки раҳат Носири хокию дигар раҳ
Он хок ба ғирболи фано бехтаӣ боз.