Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз,

Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз, Ба ҷурми хеш муқиррам, май ору шоҳид боз! Чу каъбатайн ҳама майли ман сӯйи нард аст, Қимор боз! Маро гуфтаанд, зарқ мабоз! Дар ин тариқа, ки моем, айбҳо ҳунар аст, Ки дар шариати ошиқ ҳақиқат аст маҷоз. Ҳамон, ки пардаи ушшоқ найнаво бардошт, Туро ба роҳи мухолиф барад, маро ба Ҳиҷоз. Чу дили пок надорӣ, сари суҷуд чӣ суд? Чу дил шикаста набошад, дуруст нест намоз. Чу булбулат зи наво дам задан раво набувад, Ба хуни халқ агар дам ҳамезанӣ чун боз. Биёр дар лагани ҷом шамъи май, соқӣ, Ки мурғи рӯҳ чу парвона мекунад парвоз. Дар ин даме, ки манам, ҷоми май бувад ҳамдам, Бад-ин мае, ки хӯрам, бонги най шавад дамсоз. Зи радди халқ қабули Худо талаб, Носир, Ки ғайр хидмати Маҳмуд нест кори Аёз.