Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз,
Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз,
Ба рағбат ҳеҷ кас ҷон канда ҳаргиз?
Сабо то гуфт пайғоми ту бо гул,
Ба ҳам н–омад лабаш аз ханда ҳаргиз.
Суман ранге зи ту дорад, вале нест
Суман боқию гул поянда ҳаргиз.
Аз он бар рӯзи худ гирям шабӯ рӯз,
Ки аз рӯят нашуд фархунда ҳаргиз.
Маро куштӣ ба ғамза, ҳеҷ ёре
Ба рӯи ёр тир афганда ҳаргиз?
Ҷудо аз ту маро бими ҳалок аст,
Ки тан бе ҷон набошад зинда ҳаргиз.
Ту гуфтӣ сар макаш, Носир, зи фармон,
Наёяд ин гунаҳ аз банда ҳаргиз.