Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз,

Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз, Шукри лиллаҳ, ки дидамат имрӯз. Баркашида туро Худои ҷаҳон Бар сари сарварон сару пирӯз. Гар ту ёди мани гадо накунӣ, Ман бинолам ба ёди ту шабу рӯз. Ҷомаи ҷон, ки доштам дар даст, Чок кардӣ ба новаки дилдӯз. Носиро, кори ошиқӣ ин аст, Ёд мекун зи ёру хуш месӯз.