Рухатро нур бахшидан маёмӯз,
Рухатро нур бахшидан маёмӯз,
Лабатро бода нӯшидан маёмӯз.
Чу рондӣ аз мижа бо ҳалқи ман теғ,
Маро дар хок ғалтидан маёмӯз.
Мадеҳ фармон зи ғамза чашми худро,
Ба туркон тир боридан маёмӯз.
Макун таҳсини шаббедории ман,
Ба пайконхӯрда нолидан маёмӯз.
Магӯ сар неҳ ба хорӣ зери поям,
Шаманро бутпарастидан маёмӯз.
Расон аз хоки пояш бар ман, эй бод,
Вале бар дида молидан маёмӯз.
Агарчи ман хатоҳо мекунам, лек
Ту чашматро хато дидан маёмӯз.
Суи Носир макун бо лаб ишорат,
Магасро шаҳд лесидан маёмӯз.