Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос,
Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос,
Ки ишқ дурри ятим асту ҷоми май алмос.
Ҷамоли сабзаву гул бин миёни саҳни чаман,
Чунон ки Хизр нишинад ба суҳбати Илёс.
Биё ба базми гадоёну мулки эшон бин,
Ки соқию дафу чанг асту ҷоми май аҷнос.
Ба мо ҳикояти беҳуда кам кун, эй зоҳид,
Ки дар тариқаи мо нест мустақим қиёс.
Чу анкабут ту доме ниҳодаӣ аз зарқ,
Сарои шаръи Муҳаммад чунин надошт асос.
Даромад аз дари масҷид муқаллид аз пайи ҳашв,
Чу гурбае ки даромад ба хонаи раввос.
Наӣ ту, он чи намоӣ, Худой медонад,
Ба ақл қадри бирешим тавон шинохт зи лос.
Ба гирди кӯи залолат ҳамеша саргардон,
Бибаста дидаи маънӣ ба шакли гови харос,
Бирав, давои дил аз ишқ ҷӯй чун Носир,
Ҳавои давлати шоҳию хоҷаро ифлос.