Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас,
Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас,
Ҳама дорам, ба висоли ту намеарзаму бас.
Чун сапедор агар мева надорам, эй гул,
Бар ту охир на ҳама сол ҳамеларзаму бас.
Писта зад ханда, ки дар пӯст маро ҳам мағзест,
Ман шикастам даҳанашро, ки ҳамин мағзаму бас.
Баски гил шуд сари кӯйи ту ба хунобаи чашм,
Кас наёмад, ки наяфтод, на ман лағзаму бас.
Носир аз ҳаҷри ту гар мурд, бимур, гӯ, ғам нест,
Як ҷавоб аз даҳани хеш намеарзаму бас.