Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас,
Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас,
Ки бар мо ба туркӣ натозӣ фарас.
Ба озори кас мулку дунё магир,
Ки дунё наарзад ба озори кас.
Чунон бо ҳавоят ҳавас кардаам,
Ки гар сар намонад, бимонад ҳавас.
Маро даст кӯтоҳу қаддат баланд,
Бад-он поя чун бошадам дастрас?
Канорам бувад чун миёни Фурот,
Ки аз чашми ман рафт рӯди Арас.
Кашиданд сад баҳр дарёкашон
Ба як дам, ки як дам нагуфтанд бас.
Басе корвон шуд дар ин бодия,
Ки як дам наёмад садои ҷарас.
Чу фарёди Носир ба гӯшат расид,
Ту рӯзе ҳам ӯро ба фарёд рас.