Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас,

Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас, З-ин ҳавас гар сар шавад, аз сар нахоҳад шуд ҳавас. Гар моро хуршедрӯе сар ҳамебуррад ба теғ, Ман ба меҳраш мезанам чун субҳ, то дорам нафас. Дар шаби торики ҳиҷрон бо хаёли рӯи ёр Ҷуз майи равшан наёмад бар сари мо ҳеч кас. Ман ба ҷаннат меравам аз баҳри дидори шумо, Аз ҳама олам маро мақсуд рӯйи тусту бас. Аз шабистони сари зулфат, ки маъвои дил аст, Мекашам дилрову бозам мекашам дил бозпас. Медиҳад сарриштаи худро ба дасти шоҳ боз, То нагардад боз гирди хони ҳар кас чун магас. То кушояд дар ҳавои шаккаристони ту бол, Мурғи ҷон пар мезанад монанди тӯтӣ дар қафас. Толибон дар ҷустуҷӯю муддаӣ дар гуфтугӯ, Бор бар пушти ҳаюну зор менолад ҷарас. Фикри рӯят дар дили Носир чароғе барфурӯхт, Шамъи оламтоби Мӯсо шуд зи шӯраш муқтабас.