Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ,

Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ, Ғарқа шуд дар баҳри бепоёни ишқ. Дил чӣ бошад, қатрае аз баҳри шавқ, Ҷон чӣ бошад, гавҳаре аз кони ишқ. Нест рӯҳуллаҳ насими боғи васл, Нест тан ҷуз ҳалқаи зиндони ишқ. Фитнаи гардун ҳам акнун тай шавад, То абад боқӣ бувад даврони ишқ. Сар нахонандаш миёни сарварон, Гар набозӣ бар сари майдони ишқ. Гавҳари васлаш куҷо афтад ба каф, Гар биандешӣ ту аз тӯфони ишқ. Ҳар гадои ринди азрақпӯшро Бор набвад бар дари султони ишқ. Соқиё, доруи беҳушӣ бидеҳ, То бад-ӯ созам даме дармони ишқ. Гар сари Носир дар ин савдо равад, Ҳамчунон бо сар барад паймони ишқ.