Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ,
Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ,
Эй зулфи парешони ту маҷмӯи халоиқ.
Бо орази ту дил набарад номи раёҳин,
Бо чеҳраи ту кас набарад номи шақоиқ.
Асрори лаби лаъли ту ҳар кас нашиносад,
Бе хуни ҷигар ҳал натавон кард дақоиқ.
Ҷуз ҳоҷиби абрӯи ту бар гӯшаи чашмат
Ҳинду, нашунидам, ки кунад хидмати лоиқ.
Ман з-они туам, гар бизанӣ в-ар бинавозӣ,
Бар ҳукми ту мавқуфу ба ройи ту мувофиқ.
Хоҳам, ки барафтад ба ҷаҳон парда зи Носир,
То фарқ кунӣ ёри мувофиқ зи мунофиқ.