Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол

Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол Ба дарди ҳаҷр бимурданд бар умеди висол. Касе ба даври фурӯмоя дил чаро бандад, Ки дам ба дам мутағаййир шавад зи ҳол ба ҳол. Шаби дароз ду чашми хаёл хоб надид, Ки раҳ набуд дар он гӯша хобро зи хаёл. Чу шамъ то ба саҳар сӯхтам бад-он уммед, Ки субҳи васл барояд зи матлаи иқбол. Кунун, ки навбати васл аст, ёр мегӯяд, Ки хайр бод, сафар мекунам, зиҳӣ ишкол. Саманди азм равон карду мо зи ғояти ҷаҳл Ҳам аз ақилаи худ монда пойбанди иқол. Зиҳӣ саодати дил, гар дуаспа баробараш Чу бод бесарупо меравад ба истеъҷол. Гадойвор даромад ба кӯи ӯ Носир, Ба гӯшу ҳуш шунид ин нидо, ки хазу таол.
Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол | Шоирон