Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул,
Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул,
Маро аз хори ин раҳ бишкуфад гул.
Маро бо ишқи хубон ҷонибе ҳаст,
Ки майли ҷузв бошад ҷониби кул.
Нанӯшам бода ҷуз бо моҳрӯе,
Маро ё мул хуш асту ё тааммул.
Сабо, бархез, агарчи нотавонӣ,
Макун, зинҳор, дар рафтан тааллул.
Расули ошиқонӣ пеши маъшуқ,
Бибар аз ман Худоро ин тарассул.
Ба шаккар арза деҳ пайғоми тӯтӣ,
Ба гӯши гул расон гулбонги булбул.
Бигӯ, эй бандаи чашми ту наргис,
Ғуломи турраи зулфи ту сунбул.
Маро тоби таҷаллии рухат нест,
Надорад санги хоро ин таҳаммул.
Таҷаммулҳо ҳама ҳаст аз ҷамолат,
Ҷамолат нест муҳтоҷи таҷаммул.
Руху зулфи туро бо ақли Носир
Ҳама исбот дур асту тасалсул.