Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам,

Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам, Ки он мақсуд душвор асту ман осон намеёбам. Зи меҳри рангу рухсораш назар дорам ба гул, аммо Сабук безор мегардам, чу бӯйи он намеёбам. Дили ман бурдааст он моҳу ман дар ҷустуҷӯи ӯ Ба ҳар сӯ гаштаам чун бод саргардон, намеёбам. Лабаш хандиду ман дидам даҳонашро чу як зарра, Вале дар нури меҳр акнун чу шуд пинҳон, намеёбам. Ба дуккони табиби ишқ ман раҳ бурдаам, аммо Ба гирди ӯ ҳамегардам, дари дуккон намеёбам. Чу ман зуннори зулфашро талаб кардам ба ҳар сӯе, Шавам, дар кофарӣ ҷӯям, чу дар имон намеёбам. Маро, эй боғбон, кам гӯ, ки сӯйи гулситон магзар, Ки ман он гул, ки меҷӯям, ба ҳар бустон намеёбам. Ба чини турраи зулфаш шабе гум шуд дили Носир, Мани саргаштаи бедил шудам ҳайрон, намеёбам.