Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам,

Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам, Ҷуз лаъли дилбар ҳосиле беҳосилам, гар дидаам. Савдои чашми хешро ҳолӣ зи сар бурун кунам, Аз акси нури рӯи ту холӣ шавад гар дидаам. Ҷонам нагунҷад дар ҷаҳон, то ту напиндорӣ, ки ман Чун ганҷ дар кунҷи харобободи тан гунҷидаам. То хома аз савдои ту овард ҳарфе бар забон, Ман номавор аз тоби ғам бар хештан печидаам. Мутриб ба роҳи рост хуш моро салое медиҳад, То қавли ӯ бишнидаам, панди касе нашнидаам. Нолидани Носир чу най бошад зи дасти ҳамдамон, Аз нола ноле гаштаам, ҳар дам аз он нолидаам.