Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам,

Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам, Ба сари дӯст, ки девона наям, сармастам. Ман аз ин ҳастии худ ҳам ба гумон меафтам, Нест маълум, ки ман нест шудам ё ҳастам. Чун ҷудо монда будам қатрасифат аз дарё, Боз ман сел шудам, ҷузв ба кул пайвастам. Тани ман аз пайи коре ба ҷаҳон омадааст, То нагӯйӣ ту, ки аз дӯст ҷудо наншастам. Булбули боғи биҳиштам, тани ман сарви ман аст, То бидонӣ, ки дар ин дом магар побастам. Эй муқаллид, ту маро чанд маломат гӯйӣ, Ман ҳама дӯст шудам кулливу аз худ растам. Дилам аз пардаи номус қафас сохта буд, Мурғи зирак шудам, ин дом зи ҳам бишкастам. Ту аз ин ҳолати ман ранҷа машав, ғусса махӯр, Ки ба як дам қажаҳи бода бигирад дастам. Мурда буд Носиру ҷон додаву пӯшида кафан, Бӯи ту ёфтам, аз гӯр равон барҷастам.