Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Риндона сокини сари кӯйи маломатам,

Риндона сокини сари кӯйи маломатам, Миннат, ки бо ҳазор маломат саломатам. Зоҳид маро ба роҳи саломат диҳад фиреб, Донад магар, ки толиби роҳи саломатам? Чун дид қомати ту муаззин, суҷуд кард, Гуфто: Шикаст қомати ту пушти қоматам. Гуфтам ба сарв: Баҳри чӣ озодаию рост? Гуфто: Аз он ки ошиқи он сарвқоматам. Хоҳам зи дасти гиря шудан дар канори хок, Бошад, ки оби рӯй кунад дар қиёматам. Носир агар вафот шавад дар вафои ту, Баъд аз вафот ҳеҷ набошад надоматам.