Сарвро дидаму болои ту омад ёдам,
Сарвро дидаму болои ту омад ёдам,
Зикри гул кардаму дар фикри рухат афтодам.
Дар чаман рафтаму бо лолаву гулзори рухат
Сифате кардаму доғе ба дилаш бинҳодам.
Оҳу фарёди ман аз ҳаҷр ба ҳар ҷой расид,
Оҳу фарёд, агар ту нарасӣ фарёдам!
Бирав, эй фикри ҷаҳон, бар дари дил ҳалқа мазан,
Ки дари хилвати ёр асту ба кас накшодам.
Ишқи ту коҳрабоею манам коҳ, рабо,
Ту агар менарабоӣ, бирабояд бодам.
Ақл мегуфт: Манам мурғи аҷоиб зирак,
Ишқ бигрифт гулӯяш, ки накӯсайёдам.
Носир аз ёди ту ҳаргиз нафасе холӣ нест,
Давлате бошад, агар лутфи ту орад ёдам.