Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам,

Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам, Дурри гаронбаҳо будам, ғарқаи мавҷи хун щудам. Ман зи нахуст дар ҷаҳон фош будам ба ақлу ҷон, Ишқ гирифт ину он, шоибаи ҷунун шудам. Бехабарам аз он хабар, к–аз ту расид як саҳар, Ақл бирафт дар ба дар, бедилу бесукун шудам. Рӯйи туро чу дид дил, ҷомаи худ дарид дил, Ҷоми бақо чашид дил, масти шаробгун шудам. Санг задам сабӯйро, рехтам оби рӯйро, Шустам рангу бӯйро, косаи сарнигун шудам. Косаи зар сафол шуд, об дар ӯ ҳалол шуд, Чун асари висол шуд, оқилу зӯфунун шудам. Муҳраи ишқ бохтам, сӯхтаму гудохтам, Гавҳари худ шинохтам, дар ҳама кон фузун шудам. Уқдаи чору панҷро, мояву аслу ранҷро, Дафъи тилисми ганҷро мор шудам, фусун шудам. Носири масти бехудам, гар ҳама нек ё бадам, Дида кушо, ки чун будам, боз нигар, ки чун шудам!