Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам

Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам Аз хуни ҷигар сурх кунӣ чеҳраи зардам? Дармонда ба дармони дилам халқи ду олам, В-огаҳ на табиби мани бечора зи дардам. Ҳар шаб ба сар оям чу сабо гирди сароят, Бо гард даромехта дар кӯйи ту гардам. Дишаб, ки ниҳодӣ ту даҳан бар даҳани ҷом, То рӯз чӣ хунҳо, ки ман аз дасти ту хурдам. Май дар сару дар гардани ман дасти ту бошад, Рӯзе ки сабӯе кунад айём зи гардам. Ҳар лаҳза чу удам чӣ кунӣ ҷой бар оташ, Охир, мани бечора ба ҷойи ту чӣ кардам. То ханда назад лаъли ту бар гиряи Носир, Маълум нашуд як сари мӯ ҷавҳари фардам.