То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам,
То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам,
Дар васф наёмад, ки чӣ дидам, чӣ кашидам.
Ҷонам шаби ҳаҷри ту чу соғар ба лаб омад
В-аз лаъли ту як рӯз ба коме нарасидам.
Бодо шаби ту хуш, ки мани бесару бепой,
Бар бӯйи ту чун бод ба ҳар кӯй давидам.
Сад фотиҳа хондему дамидем ба ихлос
В-аз меҳри ту субҳе ба саодат надамидам.
Дар парда машав то мани ғамдида бибинам,
Он ваъда, ки аз ҷаннати фирдавс шунидам.
Як рӯз чашидам зи майи лаъли ту ҷоме,
Дасторкашон, рақскунон ҷома даридам.
Кавнайн ба ҳам барзадаму меҳри ту ҷустам,
Аз пӯст бурун омадаму мағз гузидам.
Гуфтам, ки нависам сухане аз дили Носир,
Тар шуд варақ - аз нӯки қалам хун бичакидам.