Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам,

Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам, Гар гардам аз ин холӣ, дар ишқ халал дорам. Қавлу амали воиз бисёр мухолиф шуд, Дар рост ман аз мутриб сад қавлу амал дорам. Бо хуни ҷигар ашкам ҳар лаҳза ба дил гардад, Савдои ту натвон кард, чун сими бадал дорам. Шабҳо ба хаёли ту дар хоб нахоҳам шуд, Бедор шавам акнун, чун хоби аҷал дорам. Ғайри зари рухсорат, чун нест маро ваҷҳе, Бингар, ки чӣ гавҳарҳо дар баҳри ғазал дорам. Зад бе лаби ту Носир дасте чу магас бар сар, Гар ҷон диҳам аз талхӣ, уммеди асал дорам.