Эй бурда фироқат зи дили хаста қарорам,
Эй бурда фироқат зи дили хаста қарорам,
Дарёб, ки ман тоқати ҳаҷри ту надорам.
Умрест, ки бе рӯи ту, эй сарви хиромон,
Мегардаму мегиряму дар нолаву зорам.
Шояд, ки зи дарди дили ман халқ бисӯзад,
Оҳе, ки ба дард аз дили афгор барорам.
То рӯзи қиёмат наравад аз дили бирён
Доғе, ки бар ин сина зи ҳиҷрони ту дорам.
Ҳаргиз наравад нақши рухат аз дили Носир,
Гар бод барад гирди ҷаҳон гарду ғуборам.