Хирқа дар оташу саҷҷода ба об андозам,
Хирқа дар оташу саҷҷода ба об андозам,
Хештанро ба хароботи хароб андозам.
Бонги абрешим аз ин хирқаи пашмина беҳ аст,
Чанг дар хирқа занам, пеши рубоб андозам.
Чорчӯби танам аз оташи дил пок бисӯхт,
Барам ин сӯхтаро, дар майи ноб андозам.
Менамояд суйи майхонаи маънӣ раҳи рост,
Хештанро зи хато сӯйи савоб андозам.
Хокиён маст чу наргис зи замин бархезанд,
Бар сари хок чу як ҷуръа шароб андозам.
Пой берун ниҳам аз обу гили олами сифл,
То ба кай ҷавҳари худро ба халоб андозам?!
Пардаи сурати маъшуқ ба ҷуз Носир нест,
Вақти он аст, ки аз чеҳра ниқоб андозам.