Гар дам аз ишқ занам, ҳамдами ҷоме бошам,
Гар дам аз ишқ занам, ҳамдами ҷоме бошам,
В-ар зи май тавба кунам, зоҳиди хоме бошам.
Зулфу холе набувад раҳзани соҳибназарон,
Баҳри як дона чаро бастаи доме бошам?
Розиям, гар мани дарвеш гадое гардам,
Шокирам, гар мани озод ғуломе бошам.
Асари шоми фано омаду рӯзе пурсид,
Ки равам бар сари кӯйи туву шоме бошам.
Сар аз ин доира берун барам, охир то чанд
Ҳар замон ҷоеву ҳар шаб ба мақоме бошам?
Бикуш, инак сару ханҷар, рамақе ҳаст ҳанӯз,
Гар аз ин дар гузарам, сайди ҳароме бошам.
Ҷомаи зуҳд ба ҷоме бидиҳам чун Носир,
Мани бенанг агар толиби номе бошам.