Рӯзгорест, ки ман ошиқу девонавашам,
Рӯзгорест, ки ман ошиқу девонавашам,
Вақтҳо аз сари мастӣ қадаҳе низ кашам.
Нохуш аст, он ки зи олам ба хушонаш хуш нест,
Рӯйи ман чун ба хушон аст, аз он рӯй х(в)ашам.
Номи тасбеҳу ҳамоил набарам, то бошад
Соғари май ба кафу кӯзаи дурде ба кашам.
Риндию ростию зоҳидию зарроқӣ,
Лиллаҳ илҳамд, ки рӯбоҳ наям, шервашам.
Ҳар гадое, ки чу хуршед барояд танҳо,
Подшоҳест, ки ӯро набувад хайлу ҳашам.
Чун Хизир зиндаам аз лутфи ту, эй оби ҳаёт,
Оҳ, агар бори дигар заҳри ҷудоӣ бичашам.
Муҳри меҳри ту зи ҷону дили Носир наравад,
Доғи савдои ту дорам, ки ғуломи ҳабашам.