Ман он риндам, ки куфру дин ба ҷоми бода бифрӯшам,
Ман он риндам, ки куфру дин ба ҷоми бода бифрӯшам,
Ба ёди ёр бе дарди сари ағёр май нӯшам.
Барорам дӯзах аз сина, ки дар ҷаннат занам оташ,
Агар аз шавқи дидорат ба рӯзи ҳашр бихрӯшам.
Чунонат дӯст медорам, ки бо худ гаштаам душман,
Чунонат ёд меорам, ки ман аз худ фаромӯшам.
Ба дини майпарастон далқи азрақ ор мебошад,
Бигуфтам ошкор ин айбро, дигар намепӯшам.
Ман аз афсурдагӣ мурдам, аз он чун шамъ месӯзам,
Ман аз хомӣ гурезонам, аз он чун бода меҷӯшам.
Бирав, эй муҳтасиб, магзор ҳадди худ, зи ман бигзар,
Ки мастии ман аз май нест, соқӣ кард беҳушам.
Агар бардорӣ, эй мутриб, даҳонро аз лаби чун най,
Чу барбат гӯшмолам деҳ, ки чун даф ҳалқадаргӯшам.
Зи чанги ман туро дигар мухолиф кай бурун орад,
Агар, эй хушнаво, чун чанг меорӣ дар оғӯшам.
Чунин к-имрӯз лояъқил шуд аз ҷоми азал Носир,
Магар оранд фардои қиёмат маст бар дӯшам.