Имрӯз, ки хоки дари дайр аст мақомам,
Имрӯз, ки хоки дари дайр аст мақомам,
Гар бода ба ёдат нахӯрам, бод ҳаромам.
Дар гӯши қадаҳ номи ту мегуфт суроҳӣ,
З-он рӯз ҳаводори маю ҳамдами ҷомам.
То донаи хокат набувад мурғи дили ман,
Анқои саодат нашавад сайд ба домам.
Зулфи ту шаби ҳаҷр ба бадномии ушшоқ
Ҳар қуръа ки андохт, биафтод ба номам.
Фарёд, ки рӯзе дили сахти ту нашуд нарм
Аз оҳи саҳаргоҳи ману нолаи шомам.
Гар мардуми чашмам назанад об бар оташ,
Аз сӯзи дарун сӯхта бинӣ дару бомам.
Ҳаққо, ки мани сӯхтадилро хабаре нест,
То дӯст кадому мани бечора кадомам.
Носир назар аз ҳар ду ҷаҳон сӯйи ту дорад,
Ҳарчанд ки озодаам, эй дӯст, ғуломам.