Рӯзгорест ки ман шефтаи рӯйи фалонам,
Рӯзгорест ки ман шефтаи рӯйи фалонам,
Рӯзу шаб ҳамчу сари зулфи парешонаш аз онам.
Хуррам он мурдани фархунда, ки пешам ба аёдат
Дӯст биншинаду ҷон дар қадами дӯст фишонам.
Орзу мекунадам пеши қадамҳои ту мурдан,
Дорам ин рой, валекин нарасад даст ба ҷонам.
Даҳани хеш муаттар кунам аз ғолия сад бор,
Баъд аз он ҳам ба забон номи ту бурдан натавонам.
Мурда бошам ман, агар бар сари хокам бихиромӣ,
Бӯйи ту ёбаму фарёд барояд зи равонам.
В-он замон низ, ки аз хоки ман овоз барояд,
Номи маймуни ту, эй дӯст, бувад вирди забонам.
Асари хуни дил аз чеҳра тавон шуст, валекин
Раваду боз шавад дам ба дам аз чеҳра равонам.
Умрро хуш гузаронем, ки дунё гузарон аст,
Ҳосил аз умр замонест, ки хуш мегузаронам.
Ғазали Носиру номи ту бувад то ба қиёмат,
Ки нависанду набошад асари ному нишонам.