Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чун ёди лаълат орам, ширин шавад забонам,

Чун ёди лаълат орам, ширин шавад забонам, Гӯям ҳадиси зулфат, мушкин кунад даҳонам. Май аҳди суҳбати ту бастат чунон, ки бо ман Монад муҳаббати ту, рӯзе ки ман намонам. Дар ҷустуҷӯи васлат бар хоки ҳар замине Ман ашкро дуаспа ҳар сӯй медавонам. Эй шаҳсавори хубӣ, дар ту намерасам ман, Гулгуни ашки худро ҳарчанд гарм ронам. Он пойи нозуки ту бар хоки раҳ дареғ аст, Бар фарқи ман неҳ, охир, ман хоки остонам. Бар рӯйи зар нишондам лаъли сиришки худро, То чун камар ту бандӣ як рӯз бар миёнам. Эй он ки панд гӯйӣ, бартоб аз ӯ инонро, Акнун чӣ суд дорад, к–аз даст шуд инонам?! То бар гули ҷамолаш хондам ҳазор дастон, Машҳур шуд чу булбул дар шаҳр достонам. Носир зи дарди ҳаҷраш ранҷуру нотавон шуд, Гуфтам: - Таҳаммуле кун. Гуфто: - Наметавонам.
Чун ёди лаълат орам, ширин шавад забонам, | Шоирон