Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба абруят, ки нишаста ба гӯшае чу камонам,

Ба абруят, ки нишаста ба гӯшае чу камонам, Ба чашми ту, ки чу наргис ба суратат нигаронам. Турост бар варақи гул кашида хатти сиёҳе, Ки ман ҳақиқати олам дар он савод бихонам. Шабе миёни ту дидам, ки дар канори ман омад, Хаёл будаму имрӯз дар хаёли ҳамонам. Расам ба хидмати ту, гар шавад замона мутеам. Шавам мулозими ту, гар диҳад сипеҳр амонам, Ту моҳи авҷи камолӣ, шабе ба толеъи бахтам Баромадию баромад умеди ҳар ду ҷаҳонам. Касе зи гуфтаи Носир чу хома ҳарф нагирад, Агар зи номи ту ҳарфе гузар кунад ба забонам.